Тоҷикистонро дар Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023 киҳо муарифӣ мекунанд?

Аз 16-ум то 18-уми июн дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мусобиқаи Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023 баргузор мешавад.

Баргузоршавии ин мусобиқа дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо бо иштироки беш аз 300- варзишгар аз 43-кишвари ҷаҳон ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10-варзишгар миёни мардон намояндагӣ мекунанд:

Вазни -60кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов
Вазни -60кг Меҳрзод Суфиев
Вазни -66кг Эмомалӣ Нуралӣ
Вазни -66кг Обид Ҷебов
Вазни -81кг Шодмон Ризоев
Вазни -81кг Сомон Маҳмадбеков
Вазни -90кг Умедҷон Раҷабов
Вазни -100кг Исроил Раҳимов
Вазни +100кг Темур Раҳимов
Вазни +100кг Шакармамад Мирмамадов

Фонди умумии ҷоизаҳо 150 000 евроро ташкил медиҳад. Ба ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 5000-евро, ба барандагони медали нуқра 3000-евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 1500-евро ҷоизапулӣ тақдим карда мешавад.