Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки асри техникаву технологияи муосир мебошад, инкишофи шадиди низоми алоқа мушоҳида мешавад. Дар баробари дигар техникаҳо намудҳои гуногуни телефонҳои мобилӣ пайдо шуда, мавриди истифодабарии умум қарор гирифтааст. Айни ҳол телефонҳои мобилӣ паҳншудатарин воситаи алоқа ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза шаклу намуд ва навъҳои нав ба нави он ихтироъ ва истеҳсол карда мешаванд.
Дар чунин шароити зикргардида қисмати зиёди аҳолии Тоҷикистон низ аз телефонҳои мобилӣ васеъ истифода мебаранд. Дар мақолаи мазкур сухан дар бораи намудҳо ва сифати телефонҳои мобилӣ нарафта, асосан ҷиҳатҳои мусбату манфии истифодаи онҳо баррасӣ гардидааст.
Солҳои охир телефон натанҳо ҳамчун воситаи алоқаи миёни мардум, балки ҳамчун воситаи дастрасӣ ба иттилооти гуногун ба ҳисоб меравад. Мушоҳидаҳои психологӣ ва таҳқиқотҳои олимони ватанӣ нишон медиҳанд, ки айни ҳол истифодаи ғайримақсаднок ва зараровари телефонҳои мобилӣ дар байни ҷомеаи муосири мо васеъ паҳн гардидааст. Натиҷаи таҳлилҳои мутахассисон маълум намуд, ки 70 дарсади инсонҳо давоми як рӯз зиёда аз сӣ дақиқаи вақти худро бо суҳбат дар телефон сарф менамоянд. Истифодаи зиёди телефонҳои мобилӣ ба саломатӣ ва кори муътадили системаи асаб таъсири манфӣ расонида, инсонро ба бемории саратони майнаи сар оварда мерасонад.
Истифодаи зиёди телефонҳои мобилӣ ба саломатии инсонҳо зарари ҷиддӣ мерасонад. Истифодакунандагони телефонҳои мобилӣ дар натиҷаи истифодаи зиёд ва ғайримақсаднок метавонанд бо дарди сари бардавом, зиёд шудани асабоният ва хастагӣ ва хоболудии зиёд рӯ ба рӯ мегарданд. Ин зарарҳои номбаргардида танҳо ба саломативу кору фаъолияти муътадили иммунитет таъсир мерасонад. Мавҷҳои электромагнитие, ки телефонҳои мобилӣ хориҷ менамоянд, дар ибтидо гармшавии бофтаҳои дохилиро ба вуҷуд меоранд, ки аз тарафи торчаи чашм, мағзи сар, сохторҳои дастгоҳҳои шунавоӣ, вестибулярӣ ва биниш ҷаббида мешаванд.
Бад шудани биниш, хотира ва устувории равонӣ-эмотсионалӣ дар инсонҳо, ки солҳои охир дар ҷомеаи Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад, маҳз натиҷаи истифодаи нооқилонаи телефонҳои мобилӣ мебошад.
Ғайр аз таъсири манфӣ ба саломатӣ инчунин истифодаи нодурусти телефони мобилӣ метавонад ба таъмини амнияти миллӣ хатар эҷод намояд. Бахусус воридшавӣ ба сомонаҳои гуногуне, ки мақсади асосии ин гуна сомонаҳо аз мағзшӯӣ ва тарғиби идеологияи бегона иборат аст, ба пайдоиши ҳар гуна ақидаҳои номатлуб дар миёни аҳолӣ оварда мерасонад. Имрӯз масъалаи таъмини амнияти миллӣ ба воситаҳои алоқа зич вобаста буда, ба яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯз табдил ёфтааст. Бахусус сомонаҳои иҷтимоӣ, ки майдони муоширати озоди табақаҳои гуногун ба ҳисоб меравад, як воситаи паҳн намудани ақидаҳои террористиву ифротӣ ба шумор мераванд. Мутахассисони махсуси гуруҳҳои террористӣ бо истифода аз иқтидори рӯзафзуни технологияҳои иттилоотӣ, алалхусус, телефонҳои мобилӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба таблиғу ташвиқи ақидаҳои гурӯҳҳои худ машғул гардида, ҷавонону мардуми ноогоҳро барои пайвастан ба сафи худ даъват менамоянд. Дар натиҷаи ин ҳолат таҳдид ба амнияти давлату мамлакат зиёд гардида, оромиву осудагии кишвар зери суол мемонад.
Таъмини оромиву осудагӣ ва инкишофи муътадил аз вазифаҳои асосии ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор мераванд. Дар чунин ҳолат ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва фазои иттилоотӣ дастгир ва тарғибгари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар бошад ва дар таъмини амнияти иттилоотии кишвар ҳиссагузор гардад. Ғайр аз ин ҳар яки моро зарур аст, ки вазифаи инсонии худ, яъне саломатиамонро, ки барои мо амонат аст, ҳифз намоем ва аз телефонҳои мобилӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ оқилона ва самаранок истифода намоем.
Моҳинав ХОҶАЕВА
Манбаъ: https://apa.tj/