Нимаи дуюми рӯзи 1-уми июн дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии мусобиқаи Dushanbe Grand Prix 2023 баргузор гардид, ки рақибони ҷудокорони тоҷик аз рӯи қуръакашӣ муайян карда шуд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои -48кг, -52кг,-57кг миёни бонувон ва дар вазнҳо -60кг, -66кг миёни мардон сурат мегирад.
Аввалин шуда миёни бонувон дар вазни -48кг Мадина Қурбонзода ва Шукрона Қарчиева ҳунарнамоӣ мекунанд. Мадина бо намояндаи Ҳиндустон – Асмита Дей ва Шукрона дар даври аввал бо Ли Вонг Ка аз Ҳонконг рӯи татамӣ мебароянд.
Дар вазни -52кг бошад Аҳлия Муминова дар даври аввал бо намояндаи Чин – Йингвей Лиу нерӯсанҷӣ мекунад.
Варзишгарбонуи дигари тоҷик Фазилат Гулбоева (-57кг) дар даври аввал бо Ксенииа Галитскаиа, ки зери парчами (IJF) баромад мекунад, қувва месанҷад.
Миёни мардон бошад дар рӯзи аввали мусобиқа дар вазни -60кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов бо ҷудокори қазоқ Йержан Йеренкайпов, Меҳрзод Суфиев бо намояндаи Муғулистон – Йолик Казирйек, Ҳақдод Гулов бо намояндаи Марокаш – Юнус Содиқӣ ва Муҳаммад Маҳмадизода бо намояндаи Фаронса – Максим Мерлин сабқат мекунанд.
Дар вазни -66кг бошад рақобатро Обид Ҷебов бо Исмоил Мисиров (IJF), Фирӯз Мелибойзода бо Бобур Вадҷиев аз Ӯзбекистон, Шаҳбоз Саидабуроров бо Сингҳ Сайни аз Ҳиндустон оғоз менамоянд. Дар ин вазн Эмомалии Нуралӣ дар даври аввал озод буда, рақобатро аз даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Даниел Капелушиник аз Исроил ва Сунггат Жубаткан ҷудокори Қазоқистон идома медиҳад.
Рақобатҳои рӯзи дуюм дар вазнҳои -63кг, -70кг миёни бонувон ва дар вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардон доир мешавад. Аввалин шуда дар вазни -63кг миёни бонувон Мавлуда Одинаева бо Йесуи Дарханбатбайар намояндаи Муғулистон сабқат мекунад.
Миёни мардон бошад дар вазни -73кг Абубакр Шеров дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Руслан Ҳалавачоу (IJF) рақобатро оғоз менамояд. Дар ин вазн Беҳрӯзи Хоҷазода низ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Оразгелди Уралов варзишгари Қазоқистон нерӯсанҷӣ мекунад. Маҳмадшариф Наҷмиддинов ҳам, дар даври дуюм бо Адам Стодолскии лаҳистонӣ барои роҳ ёфтан ба даври баъдӣ мубориза мебарад.
Дар вазни -81кг Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар даври аввал бо намояндаи Лаҳистон – Павел Дрзюмал нерӯсанҷӣ мекунад. Ҷудокори шинохтаи кишвар Сомон Маҳмадбеков бошад дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Келл Берлинери амрикоӣ ва Ҳикматуллоҳ Тураеви ӯзбек сабқатро идома медиҳад. Сайфиддин Сайфиддинзода дар даври аввал бо Нуржан Биссенови қазоқ ва Шодмон Ризоев бо Меартен Де Риддер аз Австралия нерӯсанҷӣ мекунанд.
Дар рӯзи охири мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои -78кг, +78кг миёни бонувон ва дар вазнҳои -90кг, -100 кг ва +100кг миёни мардон доир мегарданд.
Зери вазни то 90кг Комроншоҳи Устопириён дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Вугар Талибов аз Озарбойҷон ва Йаҳор Варапайев (IJF) қувваозмоиро идома медиҳад. Ҷудокори дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов низ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Даниел Бершадскю аз Исроил барои роҳ ёфтан ба даври сеюм мубориза мебарад. Акмал Муродов дар даври дуюм бо Мартин Маттийас аз Олмон ва Ҳақназар Назаров дар даври аввал бо Зуфарбек Уралов аз Ӯзбекистон қувваозмоӣ мекунанд.
Дар вазни -100кг Эмомризо Анварзода дар даври аввал бо Даниел Микете (IJF) сабқатро оғоз менамояд. Исроил Раҳимов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Отабек Турабоеви ӯзбек рақобатро идома медиҳад. Дар ин вазн Раҳматулло Мирзоев бо Муҳаммадқодир Мансуров аз Ӯзбекистон нерӯсанҷӣ мекунад. Абубакри Акобир дар даври аввал озод буда, бо Кенню Ливезе аз Фаронса барои роҳ ёфтан ба даври сеюм талош менамояд.
Дар вазни +100кг Темур Раҳимов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Валерий Эндовитсий (IJF) ва Исломбек Равшанқулов аз Ӯзбекистон сабқат мекунад. Сангинвазни дигари тоҷик Шакармамад Мирмамадов низ дар даври аввал озод буда, барои роҳ ёфтан ба даври баъдӣ бо Ҷамол Ғамзатхонов аз Озарбойҷон сабқатро идома медиҳад.
Мансур Раҳмон ҳам дар даври дуюм бо Муҳаммадумар Муҳаммадумаров аз АМА барои роҳ ёфтан ба даврҳои дигар талош меварзад. Иброҳимҷон Элмуродов дар даври аввал бо Йаш Виҷайран аз Ҳиндустон сабқатро оғоз менамояд.
Бояд қайд намоем, ки тими мунтахаби Тоҷикистон ҳамчун мизбон дар ҳайати 34-варзишгар – 28-мард ва 6-зан – дар ин мусобиқа иштирок менамояд.
Ҷиҳати иштирок дар Dushanbe Grand Prix 2023 зиёда аз 300-варзишгар аз 40-кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд. Ёдовар мешавем, ки Dushanbe Grand Prix 2023, аз 2-юм то 4-уми июн дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешавад. Шумораи бештари варзишгаронро ҷудочиёни Аврупо (143) ва Осиё (145) ташкил медиҳад.
Тавре, ки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иброз медорад, Dushanbe Grand Prix 2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба ҳисоб рафта, ба рейтинги варзишгарон имтиёз дода мешавад.
Фонди ҷоизавии мусобиқа 100-ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад:
Ҷойи 1-ум – 3000 доллар (варзишгар 2400 ва мураббӣ 600);
Ҷойи 2-юм – 2000 доллар (варзишгар 1600 ва мураббӣ 400);
Ҷойи 3-юм (2 варзишгар) – 1000 доллар (варзишгарон 800 ва мураббиён 200).
Сорбон Амонуллозода