Дар доираи таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба нафарони эҳтиёҷманд, кудакони ятиму бепарастор ва дорои имконияти маҳдуд Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ба Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Темурмалик ташриф оварда, ба тарбиятгирандагони ин муассисаи иҷтимоӣ кумакҳои Пешвои миллатро дастрас намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Гуфта шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарасторро дар мадди аввал гузошта, баҳри беҳтар намудани шароити буду боши онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Инчунин баъди хатми мактаб-интернатҳо ба ин қишри ҷомеа барои дохил шудан ба муассисаҳои касбӣ ва олии мамлакат имтиёзҳо дода мешавад.
Ба 100 тарбиятгирандаи муассисаи мазкур туҳфаҳои Сарвари давлат, ки аз шиму костюм ва либосҳои варзишӣ иборат буд, тақдим гардид. Инчунин барои тарбиятгирандагон дастурхони идона ороста шуд.
Аъзои ҳайати ҳукуматӣ дар рӯзи тақдими туҳфаҳо ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат ҳамзамон бо шароити хобгоҳ, китобхона ва дигар иншооти и муассиса шинос шуданд.
Дар идомаи ин тадбири башардӯстона ҳамчунин кумакҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони Интернати давлатии наздимактабии Кангурт низ расонида шуд. Дар интернати мазкур 120 наврас ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои онҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
Тарбиятгирандагон аз ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба онҳо изҳори минатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло хонда, дар оянда баҳри ободии Ватан саҳм мегузоранд.
Барои тарбиятгирандагони интернати мазкур низ дастурхони идона густурда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»