Тими мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона бо АМА мусовӣ кард ва бозии дуюми дӯстонаро бо Қувайт анҷом медиҳад

Бозии дӯстона миёни мунтахабҳои Аморати Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон рӯзи 25-уми март дар Абу-Дабӯ баргузор гардида, бо натиҷаи мусовии 0:0 ба охир расид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ лаҳзаҳои голзанӣ аз ҷониби ҳар ду даста вуҷуд дошт. Махсусан мунтахаби Тоҷикистон бо 4-зарбаи мустақим ва 7-зарбаи кунҷӣ аз лиҳози оморҳо пешсаф буду дар нигоҳ доштани тӯб дастаи ҳариф беҳтар бозӣ кард.

Бояд қайд намоем, ки рӯзи 28-март Тоҷикистон бо тими миллии Қувайт як вохӯрии дигари дӯстона анҷом медиҳад.

Баъд аз бозии дӯстона бо АМА тими мунтахаби Тоҷикистон барои баргузории бозӣ бо Қувайт ба ин кишвар сафар намуд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 28-уми март дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмад, ки қобилияти ғунҷоиши 60 000 тамошобинро дорад, бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Қувайт ва Тоҷикистон баргузор мешавад.

Нимоятгари тими мунтахаби Тољикистон ва бошгоҳи «Персполис»-и Эрон Ваҳдат ҳаннонов бинобар сабаби осеб бардоштанаш дар бозии охири дастаи «Персполис», дар бозии дӯстонаи тими миллӣ бар муқобили мунтахаби Қувайт иштирок карда наметавонад. Дар ин бора саҳифаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба ҷойи Ваҳдат Ҳанонов, дифоъгари дастаи «Регар-ТадАЗ» Саид Эргашев ба ҳайат даъват гардидааст.