Тими мунтахаби Урдун аввалин рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё 2023

Аз 1-ум то 18-уми март дар кишвари Ӯзбекистон Ҷоми Осиё-2023 миёни мунтахабҳои то 20 сола баргузор мешавад.

Дар мусобиқа 16-мунтахаби беҳтарини қораи Осиё баҳри қаҳрамонӣ дар ин мусобиқа талош меварзанд.

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) зери роҳнамоии Олег Кубарев дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Урдун (2-март), Уммон (5-март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8-март) дидор анҷом медиҳад.

Аввалин бозиро мунтахаби то 20-солаи Тоҷикистон бо тими миллии Урдун мегузаронад. Мунтахаби Урдун яке аз мудаиёни асосӣ барои роҳ ёфтан ба даври плей-оффи мусобиқа ба ҳисоб меравад.

Агар ба бозиҳои охири мунтахаби Урдун дар соли 2023 назар афканем, футболбозони ин тим дар 4-бозии анҷом дода, 3-пирӯзӣ ва 1-бохт доранд.

Мунтахаби Урдун дар бозиҳои рафиқона муқобили ҳамсолонашон аз Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:0, муқобили Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ва дар муқобили мунтахаби Эрон бо ҳисоби 2:0 зафар ёфтанд. Инчунин як бозии дигарро тими Урдун аз Эрон бо нокомӣ анҷом дод.

Ҳамчунин дар охири моҳи декабр мунтахаби Урдун дар ду бозии рафиқона муқобили Сурия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, як вохӯрии дигарро бо ҳисоби 1:2 бо бохт анҷом дод. Қобили зикр аст, ки ҳоло мунтахаби Сурия бо тими ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон 2-бозии рафиқона доир мекунад, ки аллакай дар як вохӯрӣ бо ҳисоби 0:1 мунтахаби Тоҷикистон мағлуб гардид. Вохӯрии дигари дастаҳо рӯзи 24-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби то 20-солаи Урдун дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё 2023 шомили гурўҳи «D» буда, бо касби 10-имтиёз аз зинаи аввал роҳхати мустақимро ба бозиҳои ниҳоии мусобиқаи мазкур соҳиб шуда буд. Дар сурате, ки мунтахаби Тоҷикистон ҳам бо касби 7-имтиёз аз зинаи аввал дар гурӯҳи «I» роҳхати мустақимро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё 2023 роҳ ёфта буд.

Мунтахаби то 20-солаи Урдун аз ҳама натиҷаи беҳтараш дар мусобиқаҳои Ҷоми Осиё ин ба соли 2006 рост меояд, ки онҳо зинаи чорумро ишғол карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки дастпарварони Олег Кубарев дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар ҷамъомади таълимиву тамринии шаҳри Анталияи Туркия 6-бозии санҷишӣ анҷом дода буд, ки дар бозиҳоии санҷишӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Ироқ (0:0) ва бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1), Ӯзбекистон (U-20) мусовӣ карда, бар тими ҷавонони Озарбойҷон (2:1) пирӯз шуданд ва аз дастаҳои «Бухоро»-и Ӯзбекистон (1:3) ва «Вишиста Краков»-и Полша (1:2) мағлуб гардид.