Бар асари тарма дар Хоруғ 13 нафар ҳалок шуданд, ки ду нафари онҳо ҳамагӣ ду сол доштанд. Дар роҳи ҷаноза ду сокини ноҳияи Ванҷ низ зери тарма монданд, ки якеро наҷот доданд ва дуюмӣ ҳамоно ҷустуҷӯ мешавад. Дар ин хусус Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 15 феврал, тахминан соати 09:50-и вақти маҳаллӣ дар натиҷаи бориши шадиди барф болои хонаҳои истиқоматии сокинони маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ тарма фаромад. Дар натиҷа 4 хонаи истиқоматӣ пурра, 35 хона ва 5 иншооти хоҷагӣ қисман хароб шуданд. 13 нафар ба ҳалокат расида, 12 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ карда шуданд.
Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулода ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.
Ҳамон рӯз тахминан соати 12:08 бо вақти маҳаллӣ байни деҳаҳои Садвад ва Седи Ҷамоати деҳоти Техаври ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як сокини 30-солаи ин деҳа зери тарма монда, ҷон бохт. Сокинони деҳа ҷасади ӯро берун оварда, ба соҳибонаш супурданд.
Соати 17:10 ду сокини деҳаи Хаспои ноҳияи Ванҷ, ки мехостанд ба ҷанозаи қурбонии тарма дар Садвад раванд, дар роҳ зери тарма монданд. Якеро наҷот доданд, вале дуюмӣ ҳамоно зери ғарами барф мондаву ҷустуҷӯяш идома дорад.
15 феврал, тахминан соати 12:00 дар киломатри 65-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб тарма як ронандаи 47-соларо ба ҳалокат расонд. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади ӯро аз дохили мошини зери тарма монда берун оварданд.
Бино ба пешгӯии обуҳавошиносон, хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии мамлакат то 19 феврал боқӣ мемонад.
Дар иртибот ба рӯйдодҳои охир Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои бидуни зарурат ба минтақаҳои пурбориши кӯҳӣ ва тармахез худдорӣ кунанд.