Имрӯз дар доираи сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар кори комиссияҳои машваратии гуруҳи парлумонҳои кишварҳои Осиё иштирок намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз шаҳри Алҷазоир ба хабарнигори Радиои Тоҷикистон Нуралӣ Давлат хабар дод дар ҷаласаи машваратии аъзои парлумонҳои кишварҳои Осиё-Туркия, Туркманистон, Тоҷикистон, Покистон, Малайзия, Малдивия, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Индонезия, Гуана, Бангладеш Озарбойҷон, Албания ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир иштирок намуданд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи парлумонҳои Қазоқистон, Бангладеш ва Туркия аъзои комиссияи иқтисодии Иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкории исломи интихоб гардид.
Худи ҳамин рӯз ҷаласаи кумитаи умумии Иттиҳоди парумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид, ки дар кори он Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва Сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарлумонӣ, ташрифоти ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлисми намояндагон Наҷибулло Оқилзода иштирок намуданд.
Яке аз омилҳои муҳимми ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, аз байн бурдани фақру нодорӣ ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ дар ҳавзаи кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ ин тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни мамлакатҳои аъзо ва иҷрои барномаву нақшаҳои қабулнамудаи Созмон маҳсуб мешавад.