Дар рӯзи дуюми Grand Prix Portugal 2023 се ҷудочии дигари тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-81кг) ва Шодмон Ризоев (-81кг) ҳунарнамоӣ карданд.
Беҳрӯзи Хоҷазода дар рақобати аввалинаш тавонист, ки ҷудочии Гаитиро шикаст дода, ба даври баъди роҳ ёбад. Лекин дар даври дуюм аз варзишгари Австрия Самуэл Гасснер шикаст хӯрд ва аз идомаи сабқатҳо бенасиб монд.
Барои Шодмон Ризоев бошад Grand Prix Portugal 2023 бебарор анҷом ёфт. Ӯ дар рақобати аввалинаш аз варзишгари Гурҷистон мағлуб гардид.
Дар Grand Prix Portugal ҳунарнамоӣ Сомон Маҳмадбеков бад набуд, лекин баъди ду пирӯзӣ, ӯ низ ба бохт рӯ ба рӯ шуд. Дар рақобати аввалинаш Сомон варзишгари мизбонро аз сади роҳаш дур кард. Дар даври дуюм Маҳмадбеков бо Аксберги Гербекови аз кишвари Баҳрайн нерӯсанҷӣ намуд ва ғолиб гардид. Сипас дар даври сеюми Grand Prix Portugal 2023 ҷудочии кишвари мо аз ҷудокори укранӣ шикаст хӯрда аз идомаи сабқатҳо бенасиб монд.
Ҳамин тавр рӯзи дуюми Grand Prix Portugal 2023 барои ҷудочиёни тоҷик бенатиҷа ба поён расид.
Дар рӯзи сеюми мусобиқа, имрӯз 29-уми январ кишвари моро Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Комроншоҳи Устопирён (-90кг) ва Мансур Раҳмон (+100кг) намояндагӣ мекунанд.
Сорбон Амонуллозода
радиои “Тоҷикистон”