Илҳом Атоев: Беш аз 2 миллион нафар аз азнавбайадгирии симкортҳо нагузаштаанд

Айни замон истифодабарандагони алоқаи мобилие, ки то ҳол симкортҳояшонро ба шиносномаи шаҳрвандии ҶТ намунаи соли 1996 дар фаъолият мебошанд ва тибқи тартиби мазкур азнавбақайдгириро нагузаштаанд – 2 миллиону 15 ҳазору 778 рақам (аз ин фаъол -882 ҳазору 774 рақам) мебошанд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ мувини Сардори Хадамоти алоқа Илҳом Атоев зикр намуд.

Ба иттилои ӯ Хадамоти алоқа то ба имрӯз чорабиниҳои азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилиро бо шиносномаи шаҳрвандии ҶТ намунаи соли 2014 дар ҳаҷми 6 миллиону 213 ҳазору 28 симкорт ба қайд гирифтаанд. “Шумораи умумии истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ 4,5 млн нафар муштариро дар бар гирифтааст”,-гуфт Илҳом Атоев.