Таҷлили ҷашни Сада дар пойтахти кишвар

Имрӯз бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҷашни Сада бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар ин чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ,  инчунин аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Макони чорабиниро маҳсули дастранҷи деҳқонону ҳунармандони шаҳру навоҳии кишвар зебу зиннат бахшид. Дар таҷлили ҷашни Сада, ки он яке аз ҷашнҳои мардуми ориёитабор ба шумор меравад, сокинону меҳмонони пойтахт ҷамъ омада, бо шукргузорӣ аз ҷомеаи обод ва сарзамини биҳиштосо мерақсиданду меболиданд. Дар чорабинии мазкур, кишоварзону деҳқонон ва намояндагони касбу кори гуногун аз манотиқи гуногуни кишвар ҷамъ омада, бо ба намоиш гузоштани маҳсули дастранҷи хеш чорабиниро шукуҳу азамати хоса бахшиданд.

Бояд гуфт, ки чун анъанаи ҷашни Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста шуда, дар он тибқи оини аҷдодӣ  бештар донагиҳо ва анвои хӯрокҳои мухталиф пешниҳоди меҳмонон гардонида шуданд. Бонувони тоҷик вобаста ба расму оини минтақаи хеш хони идона ороста, дар он хӯрокҳои миллӣ гузоштанд. Дар даромадгоҳ ва чанд гӯшаи майдони чорабинӣ аз ҷониби иштирокдорон гулхан афрӯхта шуда, дар гирди он пиру барно суруру шодмонӣ мекарданд.

Дар қисмати маросими расмии чорабинӣ нахуст Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Паёми табрикотии роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин расонид. Ҳамзамон, иштирокчиён дар баромади хеш таъкид намуданд, ки “Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буда, ба мардум муждаи нахусти баҳор меоварад ва деҳқононро ба кишту кори саҳро омода менамояд”. Ҳамчунин дар ин рӯз намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ ва гулу буттаҳо баргузор карда шуд, ки мардум бо нархи дастрас аз онҳо харидорӣ намуданд. Дар анҷоми тантанаҳои идонаи ҷашни Сада  ба кишоварзон ва  фаъолони соҳаи кишоварзӣ Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Баҳруллои М.

радиои “Тоҷикистон”