Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси олии кишвар таъкид намуда буданд, ки “масъалаи таъмини саривақтии талаботи иқтисодиёт ба маблағгузорӣ, хусусан, қарздиҳӣ бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти низоми молия ва бонкҳои кишвар қарор дода шавад. Зеро ҳар қадар, ки аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор қарзҳои дастрас зиёд пешниҳод карда шаванд, суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамон қадар баланд мегардад”.
Ҳамзамон, Президенти кишвар Бонки миллиро якҷо бо Вазорати молия, «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» вазифадор карданд, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин, бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ чораҷӯӣ намояд.
Дар робита ба дастуру супоришҳои роҳбари давлат ва ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои асосии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси олии мамлакат «Амонатбонк» тасмим гирифт, ки дар соли 2023 се намуд қарзи навро “Кишоварз” “Занони мувафақ” ва “Автоқарз” ба мизоҷон пешниҳод намояд. Бино иттилои масъулин, маблағи пешниҳоди қарзи “Кишоварз” то 100 000 сомониро ташкил намуда, муҳлати ниҳоии он 36 моҳ мебошад. Гуфта мешавад, ки ин намуди қарз бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар ва саҳмгузорӣ дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ – аз ҷумла, барои соҳибкорони хурду миёнаи дар соҳаи кишоварзӣ фаъолияткунанда, инчунин ба соҳибкорони навкор аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии бозгашта мебошад. Меъёри фоизи солонаи қарз 10 %-ро ташкил медиҳад. Дар доираи намуди қарзи “Автоқарз” мизоҷон метавонанд, ки то 250 ҳазор сомониро бо меъёри фоизи қарзи 22% солона бо пули миллӣ ва 10% солона бо асъори хориҷӣ ба даст биёранд, ки муҳлати он то 60 моҳро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, ба таъкиди масъулин, пешниҳоди намуди қарзи “Занҳои муваффақ” бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастгирии соҳибкорзанони кишвар роҳандозӣ гардида, меъёри фоизии солонаи он 20%-ро ташкил медиҳад. Маблағи қарз то 250 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Баҳруллои М.
радиои “Тоҷикистон”