18 январи соли 2023 кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Москва боздид ба амал оварданд.
Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар дода, таъкид намудааст, ки шаҳрвандони мазкур бо сабаби вайрон намудани қоидаҳои будубоши кишвари иқомат муваққатан боздошт гардидаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти боздид кормандони Сафорат бо Роҳбари муассисаи мазкур Алексей Лагода мулоқот анҷом доданд. Зимни мулоқот масоили марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷа худи ҳамон рӯз 10 нафар шаҳрвандони дар ин муассиса нигоҳдошташуда ба Ватан фиристода шуданд.
Ҳамчунин дар доираи боздид бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом ёфтааст. Ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо дода шуд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим гардидаасӣ.