Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ҷиҳати анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба кишвари Туркия сафар кард.
Сармураббии тими ҷавонони Тоҷикистон мутахассиси белорусӣ Олег Кубарев ба ин ҷамъомади таълимию тамринӣ 26-бозингар, 3-дарвозабон, 9-ҳимоятгар, 9-нимҳимоятгар ва 5-ҳамлагарро ҷалб намудааст.
Нимҳимоятгари дастаи «Атирау»-и Қазоқистон Хусрав Тоиров ва бозингари тими «Краснодар-2» Алиҷони Айнӣ дар ҳайати бошгоҳҳои худ дар Анталия қарор доранд ва дар бозиҳои санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) иштирок мекунанд. Дар Анталия дастаи ҷавонони кишвар 7-вохӯрии санҷишӣ мегузаронад. Дар бораи рақибон маълумот баъдтар нашр мешавад.
Бояд қайд намоем, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 1-ум то 18-уми март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё тими ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун (2-март), Уммон (5-март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8-март) бозӣ мекунад.
Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон 4-тими беҳтарин роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2023 дар Индонезияро соҳиб мешавад.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:
Дарвозабонҳо: Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»), Сафармад Ғаффоров («Хатлон»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»);
Ҳимоятгарон: Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов («Хатлон»), Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Содиқҷон Қурбонов, Шаҳриёри Иноятулло (ҳама аз «Динамо»), Диёрбек Марауфов («Равшан», Зафаробод), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»), Меҳрубон Каримов (бе даста);
Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Паракуэллос Антамира», Испания), Кабир Салимшоев («Динамо-Авто», Молдова), Салоҳиддин Иргашев («Металлург», Ӯзбекистон), Азизбек Ҳаитов («Хуҷанд»), Фатҳулло Олимзода, Бежан Нишонбойзода, Абдулло Шарипов (ҳама аз «Динамо»), Ҳамзаҷон Аҳтамов («Истаравшан»), Салам Ашурмамадов (бе бошгоҳ);
Ҳамлагарон: Далер Шарифов («Металлург», Ӯзбекистон), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Равшан», Кӯлоб), Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»), Сунатулло Азизов («Хатлон»), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (бе бошгоҳ).
Сармураббӣ – Олег Кубарев (Беларус).