СММ: СОЛИ 2022 БАРОИ МАРДУМИ САЙЁРА СОЛИ МУРАККАБ БУД…

Солӣ 2022 барои мардуми сайёра дар қиёс ба солҳои пешин мураккаб буд. Дар ин давра аҳолии кишварҳои ҷаҳон ба як қатор мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ  гардиданд. Махсусан, мураккаб ва печида гардидани авзои сиёсии ҷаҳон, моҷароҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ зарари худро ба ҳайёти мардуми осоишта расонид.

Дар соли 2022, ҷангу низоъҳо ва нооромиҳо дар як қатор кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Ҳаитӣ, Эфиопия ва Афғонистон – боиси афзоиши гурезаҳо гардид.Дар пасманзари шиддат гирифтани авзои ногувори ҷаҳон, махсусан танишҳои сиёсӣ миёни кишварҳои абарқудрат қиммати молу маҳсулот дар аксар кишварҳои ҷаҳон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфт. Нархи сузишворӣ дар кишварҳои Аврупо ба таври бесобиқа боло рафт.  Ба андешаи таҳлилгарон ҷангу низоъ дар як қатор кишварҳо омили асосии таназзули иқтисодии ҷаҳонӣ гардид, ки то ҳол аз таъсири пандемияи COVID-19 барқарор нашудааст.

Ҳамзамон, дар як изҳороти СММ омадааст, ки соли 2022 нерӯҳои посдори сулҳи СММ, ки сокинони осоиштаро аз хушунат дар як қатор кишварҳои Африқо муҳофизат мекарданд, дар хатар буданд. Мардуми Ҷумҳурии Демократии Конго бошад ба ҳамлаҳои гурӯҳҳои ҷангҷӯён ва задухӯрдҳои ҷамъиятӣ дучор шуданд, ки дар пайи ин ҳодиса ҳазорон нафар овора гардиданд. Дар соли 2022 дар Конго садҳо ғайринизомӣ кушта шуданд ва ҳамлаҳо ба аъзоёни СММ анҷом дода шуданд. 

Ҳамзчунин, ҷангу низоъ ва эътирозҳои шадид дар як қатор кишварҳои африқоиву Ховари миёна аз ҷумла Судон, Эфиопия, Нигерия, Камерун, Сурия ва Яман  боиси талафотии азими ҷониву молӣ гардид. Дар давоми сол дар равобити Исроил ва Фаластин пешравии чашмрасе ба назар нарасид. Дар соли 2022 беш аз 150 фаластинӣ ва беш аз 20 исроилӣ дар соҳили Ғарб ва Исроил ба ҳалокат расонида шуданд. Инчунин, соли 2022 вазъи амниятӣ дар Гаити бад гардида, гуруҳи силоҳбадастон аҳолии осоиштаро ба таври ваҳшиёна қатл намуданд Тероризм ин кишварро ба таври муассир фалаҷ карда, ба ҳаракати озодии одамон ва молҳо, инчунин расонидани кӯмаки башардӯстона халал расониданд, ки ин боиси сар задани вабо гардида, ба бӯҳрони амнияти озуқаворӣ оварда расонд.

Афғонистон, ки дар маркази   таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон қарор дорад ва аз лиҳози ҷуғрофи як минтақаи геостратегӣ ба ҳисоб меравад, соли 2022 низ ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ гардид. Дар баробари буҳрони шадиди иқтисодӣ, гуруснагии аҳолӣ, ҷангу низоъ, инчунин ҳуқуқи занон поймол гардида, таҳсили онҳо дар муассиаҳои таълимӣ комилан қатъ гардид. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ ҳамла ба занону кӯдакон афзоиш меёбад.

Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея озмоиши мушакҳоро дар соли 2022 идома дод, ки боиси маҳкумияти СММ ва Амрикоу Япония гардид. Ҳоло СММ аз талоши рушди тавоноии силоҳи ҳастаии Кореяи Шимолӣ изҳори нигаронӣ дорад.  Бояд гуфт, ки Кореяи Шимолӣ моҳи соли 2022 чандин маротиба ба фазоии Япония ва Кореяи Ҷанубӣ беш аз 60 мушаки балситикӣ партоб намуд, ки ин амалкарди Кореяи Шимолӣ боиси тузу тунд гардидани авзои минтақа гардид.  Ҳамзамон, тағйирёбии глобалии иқлим боиси афзоиши муҳоҷирони эколоӣ гардид.

Соли 2022 дар як зумра кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла  Покистон, Филипин, Поругалия, Ҳиндустон обхезии шадид ба амал омад, ки он боиси ҳалокати ҳазорҳо нафар гардид. Дар ҳамин коршиносон мегуяд, ки дар натиҷаи партоби газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера ҳарорати ҳаво баланд мегардад, ки дар натиҷа то охири аср як қатор кишварҳои ҷаҳон зери об мемонанд. Дабир  кулии СММ дар изҳороти охири худ гуфтааст, ки бояд тамоми кишварҳои ҷаҳон дар робита ба паёмадҳои манфӣ дар ҳамаи самтҳо дар якҷоягӣ амал намуда, рушди босуботи аҳли сайёрарро таъмин намоянд.

Баҳруллои М

радиои Тоҷикистон