Рӯзи 18 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии санади дуҷониба миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония баргузор гардид.
Ба иттилои Вазорати фарҳанг Ёддоштҳои табодулии лоиҳаи грантии “Беҳтар намудани таҷҳизоти нигаҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи китобҳои Муассисаи давлатии Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб “Хонаи китоби Тоҷикистон” аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат ва Сафири Фавқуллода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Аикӣ Тошиҳиро ба имзо расидааст.
Гуфта мешавад, дар маросими баимзорасӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Аикӣ Тошиҳиро, роҳбари намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Такасика Мунео, намояндагони Вазорати фарҳанг, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ, масъулини Сафорати Япония ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA), ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Ҳамчунин миёни ҷонибҳо гуфтугӯи дӯстонаю самимӣ сурат гирифта, ҳамкориҳо дар самти фарҳанг, ёддоштҳои табодулӣ ва созишномаи грантӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Сипас, Ёддоштҳои табодулии лоиҳаи грантии “Беҳтар намудани таҷҳизоти нигаҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи китобҳои Муассисаи давлатии Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб “Хонаи китоби Тоҷикистон” аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат ва Сафири Фавқуллода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Аикӣ Тошиҳиро ба имзо расид.