Рӯзи 8-ноябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Россия оид ба футзал баргузор шуд. Вохурӣ миёни ин тимҳо бо ғалабаи меҳмонон ба ҳисоби 6:2 хотима ёфт. Голҳоро аз ҳайати дастаи мо Идрис Ёров ва Самандар Ризомов ба самар расониданд.
Тими мунтахаби Тоҷикистон як рӯз қабл аз ин рақобат, дар бозии аввали дӯстона бар тими Россия бо ҳисоби 10:7 пирӯз гардида буд.
Бозии дӯстона:
Тоҷикистон Россия – 2:6
Голҳо: Идрис Ёров, 4 (1:0). Артём Ниёзов, 8 (1:1). Андрей Заболонков, 11 (1:2). Андрей Понкратов, 14 (1:3). Сергей Денисов, 20 (1:4). Андрей Понкратов, 22 (1:5). Самандар Ризомов, 32 (2:5). Артём Ниёзов, 39 (2:6).