3 ноябр дар Муассисаи давлатии Осорхонаи миллӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди “Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” намоиш ва конфронси илмӣ баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Иброҳимзода Зафаршо, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Раиси Шӯрои куҳансолони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Авзалов Ғайбулло, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Абдулло, муовини сармуҳаррири нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» Сангмамадова Моҳира, муовини директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» Маҳмудов Гадобег, иштирокчиёни Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон иштирок намуданд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ мусаввараҳо, нигораҳо аз раванди Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ, аксҳои таърихӣ, китобу маҷаллаҳо пешниҳод шудаанд, ки ҳамагӣ аҳамияти таърихӣ ва тарбиявӣ дошта, аз раванди Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ ва хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисса мекунанд.
Намоиш аз гӯшаи аксҳои таърихӣ оғоз мегардад, ки дар аксҳо раванди иҷлосия аз ҷониби суратгир Бобоҷонов И.М. аксбардорӣ шудаанд. Сипас нигораҳо аз ҷараёни Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ, аз ҷумла нахустин Парчами давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ қабул ва тасдиқ гардид ва онро Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯса карданд, ҳамчун ашёи нодири таърихӣ ба намоиш бароварда шудааст.
Инчунин дар намоиш асарҳои офаридаи рассомон Ҷураев Ғ. “Савганди ҷовидонӣ”, Рабиев О. “Сулҳ — мақсади асосӣ!”, Ғаюров Б. “Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ғаюров К. “Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, Абдуқодиров М., Раҳимов Р. “Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, Фозилов Р. “Дуои модар” ва “Президент” пешниҳод шудаанд.
Ҳамзамон дар намоиш тавассути оинаи нилгун филмҳои мустанад оид ба Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ки аз раванди ин иҷлосияи тақдирсози кишвар қисса мекунанд.
Намоиши ҷашнӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди “Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Осорхонаи миллӣ то санаи 30.11.2022 идома меёбад.
Конфронси илмиро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рўдобаи Мукаррам ифтитоҳ карда, ширкаткунандагон ва меҳмонони гиромиқадрро хайрамақдам гуфт. Ў дар суханронии хеш, аз ҷумла қайд кард, ки: «Ҳамаи шуморо бо ҷашнҳои дар пешистодаи Рўзи Конститутсия, Рўзи Президент ва Рўзи Парчами миллӣ муборакбод мегўям. Таърихи нави давлатдории тоҷик гувоҳ аст, ки Иҷлосияи тақдирсози XVI –уми Шўрои Олӣ, ки 30-сол муқаддам дар ҳамин рўзҳо дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд, дар ҳаёти сиёсии кишвари мо гардиши куллӣ буд, ки бо саъю ибтикороти фарзонафарзанди миллат, Меъмори сулҳ ва Пешвои муаззами миллат давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ печида буд, ба самти нави давлатдорӣ – давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ равона шуд.”
Дар фарҷоми Конфронс раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам китоби нави “Анҷумани саодат”, ки ба ифтихори 30-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро рўнамоӣ кард, ки дастовези ин ҳамоиши илмӣ ба иштирокчиён буд.
Ҳамзамон бо ин, меҳмонони гиромиқадри конфронс Бозгул Додхудоева, Рафиқа Мўсоева, Адолат Раҳмонова ва Марям Исоева бо сипосномаҳои Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тақдир карда шуданд.