Даври шашуми лигаи чемпионҳо хотима ёфт

Имрӯз дар доираи бозиҳои даври 6-уми лигаи қаҳрамонҳои Аврупо 12 даста бо ҳам вориди рақобат гардиданд.

Дар гурӯҳи “Е”-и ҳамин давр футболбозони бошгоҳи Милан, бозингарони Ред бул Залсбургро бо ҳисоби калони 4:0 шикаст дода, пирӯзии худро барои идомаи рақобат таъмин намуд. Қаблан Милан ду бохт  ва ду бурд дошт. Ҳоло ин даста дар ҷойи дуюми ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст.

Дар ҳамин гурӯҳ бошгоҳи Челсӣ, ки садрнишини ҷадвал аст, дастаи Динамо Загребро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Дар ин вохӯрӣ голҳоро аз дастаи Челсӣ Раҳим Стерлинг дар дақиқаи 18-ум ва Денис Закариа дар дақиқаи 30 ба самар расониданд. Пас аз ин бозӣ Челсӣ бо касби 13 имтиёз дар ҷойи аввал қарор гирифта, ба даври плей-оф роҳ ёфт.

Динамо Загреб дар 6 даври рақобатҳо ягон маротиба пирӯз нагардида, дар мавқеъи охирини ҷадвал қарор гирифтааст ва аз идомаи мусобиқа бенасиб гардид.

Ҳамзамон дар дар доираи бозиҳои даври 6-уми лигаи чемпионҳо дастаҳои Манчестр ситӣ ва Севилия бо вориди рақобат гардиданд. Вохурии дастаҳо дар варзишгоҳи Манчестр баргузор гардида, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Қисмати аввали бозӣ 1:1 анҷом ёфт. Аммо дар қисмати дуюм бозигарони Манчестр ситӣ аз худ маҳорати баланд нишон дода, ду голи дигар ба дарвозаи рақиби худ ворид сохтанд ва пирӯзии дастаашонро дар ин даври мусобиқа таъмин намуданд. Ҳоло дар гурӯҳи “G” Манчестр бо касби 14 имтиёз садрнишини ҷадвал аст.

Севилия бошад, дар зинаи сеюм қарор дорад. Дар ҳамин гурӯҳ бозии дастаҳои Борусия ва Копенгаген доир гардида, бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Борусия бо имтиёзҳои қаблан ба дастовардааш тавонист, ки роҳи худро барои идома додан дар бозиҳои минбаъдаи лигаи чемпионҳо ҳамвор созад.

Дар гурӯҳи “Н” ПСЖ  бо Ювентус ва Макаби Хайфа бо Бенфика рақобат намуданд. Дар ин вохӯриҳо дастаҳои ПСЖ ва Бенфика ба муқобили рақибонашон пирӯзӣ ба даст оварда, ба даври плей-оф роҳхат гирифтанд. Бо ҳамин бозиҳои гурӯҳи дар Лигаи чемпионҳо анҷом ёфт.

Ҳамин тавр, 16 дастаи иштирокчии даври плеф-оффи Лигаи чемпионҳо мушаххас шуданд. Дастаҳои «Челсӣ», «Милан», «Реал Мадрид», «РБ Лейптсиг», «Манчестер Сити», «Боруссия Дортмунд», «Бенфика» ва «ПСЖ» ба даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфтанд.   

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 7-уми ноябр дар Швейтсария маросими қуръакашии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳо дар ин мавсим баргузор мегардад.

Баҳруллои М.