Тими ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Ҷоми Осиё-2023 бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон рақобат мекунад

Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» қарор гирифт ва бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ мекунад. Ҷоми Осиё байни ҷавонон аз 1-ум то 18-уми март дар кишвари Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Дар ҷараёни қуръакашӣ, ки имрӯз, 26-октябр дар Тошканд баргузор шуд, 16-даста ба 4-гурӯҳ – «А», «В», «С» ва «D» тақсим шуданд, ки ҳар кадом аз 4-даста иборат аст.

Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон 4-дастаи беҳтарин ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Натиҷаи қуръакашии даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола:
Гурӯҳи «А»: Ӯзбекистон, Индонезия, Ироқ, Сурия.
Гурӯҳи «В»: Қатар, Австралия, Ветнам, Эрон.
Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Урдун, Уммон.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Чин, Қирғизистон.