Акс аз МД «Тоҷикфилм»
28-уми октябри соли 2022, соати 17.00 дар кинотеатри “Ватан” нахустнамоиши филми ҳунарии “Дов” баргузор мегардад. Дар ин бораи МД «Тоҷикфил» хабар додааст.
Филми ҳунарии “Дов” бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии вилоятии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов рӯйи навор омадааст.
Филм ба таври ҳирфаӣ наворбардорӣ шуда, заҳмати гурӯҳи эҷодӣ самар ба бор овардааст. Нақшофарии ҳунарпешаҳо, кори коргардон, рассом, наворбардор, танзим, рангпардозӣ, садогузорӣ ва мусиқии филм дар сатҳи баланд ва бо касбияти том иҷро шудаанд, ки филм ҷолибу тамошобоб гардидааст.
Филм аз ҷониби мутахассисон ва киношиносони дохилию хориҷӣ мавриди пазироӣ қарор гирифта 17-уми октябри соли 2022 дар “Хонаи кино”-и шаҳри Москва манзури алоқамандони синамо гардонида шуд.
Хотирнишон бояд намуд, ки дар нахустин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” филми ҳунарии “Дов” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” гардид ва барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии “Дов” ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ба Салоҳиддин Шукуров сазовор дониста шуд.
Бишитобед то аз маҳсули ранҷи синамонигорони тоҷик бархӯрдор шавед!