Имрўз дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бо мақсади арзёбӣ намудани масъалаҳои стратегии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Саноаткунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳи асосии таъмини рушди устувор” баргузор гардид.
Дар ин хусус ҳамкорамон Олуфта Шарипова аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Ҳукумати Ҷ.Т. иттилоъ дод, ки дар кори Конфронс ҷанбаҳои асосии назариявию амалии саноаткунонии босуръат мавриди барассӣ ва арзёбӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон дар доираи ҳамоиши мазкур оид мавзуъҳои ҷанбаҳои назариявию амалии саноаткунонии босуръат, арзёбии вазъи кунунии рушди заминаҳои техникиву технологии истеҳсолоти саноатӣ ва дигар мавзуъхои марбут ба соҳа мавриди таҳлилу барассии иштирокчиён қарор гирифт.