Дар пасманзари ноором шудани вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъ дар дидбонгоҳи гумрукии “Равод” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон гурӯҳҳои корӣ вориди гуфтушунид шуданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дода, менависад, ки ҷониби Тоҷикистонро Раиси КДАМ ҶТ генерал-полковник Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро Қамчибек Ташиев раиси КДАМ-и ин кишвар роҳбарӣ намуданд. Дар мулоқот ҳамзамон вазирони корҳои дохилии ду кишвар, раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон ширкат варзиданд.
Зимни гуфтушунид ҷонибҳо аз зарурати эълони оташбас изҳори назар намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон карда шавад.