Саидмукаррам Абдулқодирзода, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани VII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ иштирок намудааст.
Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад,14-15 сентябри соли 2022 дар ш. Нур-Султон таҳти раёсати Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон – Роҳбари котиботи Анҷуман Маулен Ашимбоев ҷаласаи XX котиботи Анҷумани пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва ҳудуди 30 нафар намояндагони динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ ширкат варзиданд.
Дар кори Анҷуман аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири кишвар Хайрулло Ибодзода ва Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода иштирок намуданд.
Дар фарҷоми Анҷумани мазкур Эъломияи VII Анҷумани пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ қабул карда шуд.