Дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоизаҳои мураббии шоистаи ҷоизадори Бозиҳои олимпии Монтреал-1976 Зебинисо Рустамова баргузор шуд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар мусобиқа варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ширкат варзиданд.
Дар масофаи 50м+30м байни бонувон Фотима Зулфиқорбекова аз Душанбе ғолиб шуд. Амина Хуршедзода аз Душанбе ҷойи дуюм, Томирис Раҳимова аз дастаи Суғд ҷойи сеюмро сазовор шуданд. Дар ҳамин масофа миёни мардҳо Фаррух Қурбонов аз Душанбе ҷои аввалро гирифт. Намояндагони дастаи Суғд Бахтовар Каримов ва Муқимҷон Ҳайдаров ҷойҳои дуюму сеюмро ба даст оварданд.
Дар масофаи 60 метр ҷуфти омехта дугонаи Мадина Ҷӯраева / Абдумалик Ғаниев ҷои аввал ва ҷуфти Азиза Юсупова / Дилшоди Бахтиёр ҷои дуюмро сазовор гардиданд.
Дар масофаи 70 метр даври олимпӣ миёни бонувон Фирӯза Зубайдова аз Душанбе пирӯз гардид. Мавзуна Азимова аз дастаи Суғд ҷои дуюм, Мадина Раҷабова аз Душанбе ҷои сеюмро гирифтанд. Дар ҳамин масофа миёни мардон ҳар се ҷои ифтихориро намояндагони вилояти Фарғона сазовор шуданд: Шоҳҷаҳон Абдулҳамидов ҷои якум, Келдиёр Ҳасанов ҷои дуюм, Тигран Эсанов ҷои сеюм.
Дар рақобати ҷуфти омехта дар масофаи 70 метр ҷуфти Фирӯза Зубайдова (Душанбе) / Келдиёр Ҳасанов (Фарғона) ҷои аввал, ҷуфти Мавзуна Азимова (Суғд) / Тигран Эсанов (Фарғона) ҷои дуюм, ҷуфти Мадина Раҷабова (Душанбе) / Шуҳрат Муҳаммадиев (Душанбе) ҷои сеюмро ба даст оварданд.
Бояд гуфт, ки Зебинисо Рустамова барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монтреал-1976 буда, чор карат қаҳрамони ҷаҳон дар ҳисоби инфиродӣ ва даставӣ гардидааст.