Раймундус Кароблис роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъйин гардид

Рӯзи 6 август муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи роҳбари навтаъйини Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундус Кароблисро қабул кард.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Раймундус Кароблис дар ин мақом Мэрилин Йосефсонро иваз намуд.