Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки сиву як сол муқаддам дар сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омадааст. Ин ҳодисаи таърихи 9 – уми сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва ин сана расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, то ба имрӯз барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб меёбад.
Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва касби истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифор шуд. Бадхоҳони давлату миллат бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ кишвари азизи моро ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ гирифтор намуда, тамоми сохторҳои давлатдориро фалаҷ карданд. Дар ҳамон замон миллат тоҷик ниёз ба роҳбаре дошт, ки тавонад ба мардум сулҳу оромиш оварда давлатро аз вартаи насти наҷот бахшад ва ба бахти неки миллат моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16 – уми тақдирсоз дар шаҳри Хуҷанд Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида ба кори худ шурӯъ намуданд.
Миллати тамадунофару фарҳангсолори тоҷик зери сиёсати пешгирифтаи ин марди хирад муттаҳид гардида, ба бозсозии давлати тозаистиқлол шурӯъ намуданд. Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тули 31 соли истиқлолияти давлатӣ кишвари азизи мо бо дастовардҳои беназир дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар ноил гардид. Маҳз заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилали ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудааст.
Дар самти сиёсати хориҷӣ мо тавонистем, ки дар муддати кӯтоҳ мавқеи худро дар сатҳи байналмилалӣ таҳким бахшем. Бояд қайд намуд, ки тибқи консепсияи сиёсати хориҷӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои кушода” – ро пеша намуда, “дипломатияи об”- ро авлавияти сиёсати хориҷии худ мешуморад.
Дар ин замина аз ибтидои ҳазораи нав Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои ҷаҳонии худро дар масъалаи марбут ба об пешниҳод намудааст. Маҳз, норасоии оби ошомиданӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон, боис гашт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони таъмини оби ошомиданӣ дар ҷаҳон гардад. Бо пешниҳод намудани ташаббусҳои глобалӣ дар масъалаи об Тоҷикистон тавонист ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳад, ки масъалаи оби ошомиданӣ яке аз масъалҳои асосӣ ва аввалиндараҷае ба ҳисоб меравад, ки имрӯз бояд мавриди назари ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор бигирад. Пешниҳоду ҷонибдорӣ ёфтани ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон дар масъалаи об идомаи мантиқии ҳамкориҳои созанда ва сулҳҷӯёна дар ҷаҳон буда, об муҳаррики ин ҳамкориҳо мебошад.
Маҳз бо дастгириву ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои об дар якҷоягӣ бо кишварҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид ва сохторҳои дахлдори он, як қатор ташаббусҳои глобалӣ татбиқ гардиданд.
Аз ҷумла, ташаббуси нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли байналмилали «Оби тоза» эълон гардидани соли 2003 аз ҷониби 148 давлати дунё дастгирии пурра ёфт, давлатҳои ҷаҳонро натанҳо дар масъалаи об, балки дар масъалаҳои ҳамкории густурда дар ҳамаи соҳаҳо муттаҳид намуд.
Ба сифати ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид 22 марти соли 2005, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон карда шуда ва ҳамчун ташаббуси дуюми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об эътироф гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об, ташаббуси сеюми худро дар масъалаи захираҳои об ва соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намуд. Ин иқдом бори нахуст аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 5-уми ҷаҳонии об, ки моҳи марти соли 2009 дар Истанбул баргузор шуд, ироа гардида буд ва 20 декабри соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид соли 2013-ро “Соли ҳамкориҳои байналмилалии об” эълон кард.
Кишвари азизи мо ташаббуси чоруми худро таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 барои ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуд. Ташаббуси мазкур нахустин маротиба аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об, 12-уми апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея ироа гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии беш аз 190 давлати ҷаҳон бо қатъномаи махсус қабул гардид. Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои навбатии Тоҷикистонро дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда, иброз доштанд, ки “Кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст”.
Бояд тазаккур дод, ки ин ҳама дастовардҳо самараи Истиқлолият ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат аст!
Муродов Муҳаммад,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз www.mts.tj