Акс аз ВКХ ҶТ
3 сентябри соли 2022 дар шаҳри Боку бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон чорабинӣ бахшида ба 31 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, илова мекунад, ки дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатии кишвари иқомат, сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳри Боку ба қайд гирифта шуданд, ширкат варзиданд.
Дар рафти чорабинӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ, ҳадафҳои стратегии кишвар, ташаббусҳои байналмилалии Ҳукумати Тоҷикистон суханронӣ намуд.