Конфедератсияи бокси Осиё (ASBC) рӯз ва макони баргузории Чемпионати Осиё оид ба боксро миёни мардон ва занон, инчунин миёни мактаббачагон эълон кард.
Баргузории мусобиқа миёни калонсолон аз 30-юми октябр то 13-уми ноябри соли 2022 дар пойтахти Урдун шаҳри Аммон дар назар аст. Моҳи марти соли ҷорӣ пойтахти Урдун мизбони Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва наврасон буд, ки варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа сазовори 8-медал 2-нуқра ва 6-биринҷӣ гардида буданд.
Мусобиқаи қаблӣ соли гузашта дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардида, ба варзишгарон барои роҳхат гирифтани Бозиҳои олимпии Токио кӯмак намуд.
Макони баргузории Чемпионати Осиё миёни мактаббачагон (писарон ва духтарон) бошад, аз 27-уми ноябр то 4-уми декабр дар Сулаймонияи Ироқ ба нақша гирифта шуда аст.