Ҷасади Маҳинбону Ҳафизоваи 23-соларо, ки рӯзи 6-уми август худро дар оби дарёи Сорбоғ ғарқ карда буд, пайдо намудаанд.
Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, волидони Маҳинбону ҷасади духтарашонро дар 5 км поинтари деҳаи Поҷеи Болои ноҳияи Рашт дарёфт кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки Маҳинбону рӯзи 6 август баъди як муноқиша бо шавҳар ва хушдоманаш даст ба худкушӣ зада буд. Дар пайи ин ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шавҳари ӯ Султони Абдувоҳидро боздошт ва барои ба худкушӣ расондани ҳамсар парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Худро ғарқ кардани Маҳинбону Ҳафизова дар ҳолест, ки дар кишвар дар пайи нофаҳмӣ ва ҳамдигарнафаҳмии оилаҳо ҳамасола чандин ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта мешавад.