Тими ҷудои Тоҷикистон дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, дар сабқати даставӣ сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар қувваозмоиҳои даставӣ тими ҷудои кишвар қарор буд нахуст бо ҳамтоёни худ аз Узбекистон сабқат намояд, аммо ҷудокорони узбекистонӣ аз рақобат даст кашиданд. Дар чорякфинал ҷудокорони кишвар бар дастаи Сенегал пирӯз гаштанд, вале дар нимфинал аз дастаи Озарбойҷон шикаст хӯрданд. Сипас дар қувваозмоӣ барои мақоми сеюм дастаи Қазоқистонро мағлуб намуданд.
Ҳамин тариқ, ҳайати олимпии Тоҷикистон соҳиби ҳашт медал гардид.
Дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 303 медал (127 тилло, 97 нуқра, 79 биринҷӣ) гардидаанд. Узбекистон бо 46 медали тилло, 38 нуқра, 56 биринҷӣ (140 медал) дар ҷои дуюм, Эрон бо 38 медали тилло, 41 нуқра, 48 биринҷӣ (127 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Тоҷикистон бо 3 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар мақоми 29-ум қарор дорад.