Шаҳрдории Душанбе: Шурӯъ аз 19 август равуои воситаҳои нақлиёт маҳдуд мегардад

Шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, ки аз 19 август равуои воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шероз то хиёбони С.Шерозӣ маҳдуд мегардад.

Ин ниҳод мегӯяд, маҳдудият бинобар корҳои сохтмону навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко ҷорӣ мегардад.

“Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд”, – омадааст дар хабарнома.