Хайриддин Усмонзода, мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо хонум Симона Халперин, муовини мудири кулл, сардори Раёсати кишварҳои АвруОсиё ва Балкани Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил дидору мулоқот намуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти МТС хабар медиҳад, дар мулоқот хонум Халперинро директори департаменти Осиёи Марказӣ ва Қафқози Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил хонум Михал Хершковитс ва Сафири Давлати Исроил дар Тоҷикистон хонум Зеавит Бен Хиллел ҳамроҳӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Исроил дар чаҳорчӯби бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсиву амниятӣ, обу энергетика, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва илмиву таҳлилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.