Бошгоҳи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар финали минтақаи марказии Ҷоми AFC-2022 аз барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Ӯзбекистон — бошгоҳи “Суғдиёна”-и Ҷиззах, бо ҳисоби калони 0:4 шикаст хӯрд ва ҳунарнамоияшро дар ин мусобиқа ба охир расонид.
Рақобат миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Суғдиёна” — 17-уми август, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Барои тамошо ва дастгирӣ ба майдон зиёда аз 5600-мухлисон ҷамъ омаданд. Голҳоро аз ҳайати бошгоҳи “Суғдиёна” — Ҷасур Ҳасанов, Шоҳрӯз Норхонов ва Ҷавоҳир Қаҳрамонов ба самар расониданд. Як голи дигаро мизбонон ба дарвозаи худ ворид намуданд. Худгол ба номи легионери ӯзбек Фирдавс Абдусалимов ба қайд гирифта шуд.
Ба ин тартиб, дар даври ниманиҳоии Ҷоми AFC-2022 “Суғдиёна”-и Ӯзбекистон рӯзи 6-уми сентябр дар майдонаш “Лиони Шарқии Ҳонгконг”-ро қабул мекунад.
Сорбон Амонуллозода,
радиои “Тоҷикистон”