Рӯзи сеюм аст, ки дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” доир гардида истодааст.
Дар озмуни мазкур оҳангсозон, сарояндагон, навозандагон, муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат, сарояндаҳои санъатдӯст, ансамблҳои оилавӣ, шахсӣ ва истеъдодҳои алоҳида иштирок карда, асарҳояшонро дар шакли якка ва гурӯҳӣ пешниҳод намуда истодаанд.
Дар даври дуюми озмун аз шаҳри Душанбе 228 нафар довталаб дар бахшҳои навозандагӣ, сарояндагӣ ва оҳангсозӣ ҳунарнамоӣ менамоянд.
Дар рӯзи аввал ва дуюми озмун довталабон аз рӯи номинатсияи навозандагӣ иштирок намуда, ба ҳунару маҳорати навозандагони аз 12 то 17-сола баҳогузорӣ карда шуд.
Имрӯз довталабон аз рӯйи номинатсияи сарояндагӣ иштирок намуданд. Тавре Мустафохӯҷа Тошхӯҷаев, иштирокчии озмун дар суҳбат бо мо иброз дошт, ба даври шаҳрӣ омодагии ҷиддӣ дидааст, зеро дар ин давр рақобатҳо зиёд буда, аз довталаб маҳорати касбии баландро талаб мекунад.
Тавре маълум аст, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ баргузор мегардад.
Шарифҷон Раҳмонов соли дуюм аст дар озмун аз рӯйи номинатсияи сарояндагӣ дар миёни иштирокчиёни аз 12 то 17-сола ширкат варзида, гуфт, ки имсол итминон дорад сазовори ҷойи намоён мегардад.
Дар назар аст, ки ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ, яъне даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» мегарданд.
Ҳайати ҳакамони озмун бо роҳбарии Амирбек Мусозода – оҳангсози маъруфи кишвар ба маҳорати иштирокчиён баҳогузорӣ мекунанд.
Дар назар аст, ки озмун дар шаҳри Душанбе тӯли 4 рӯз идома ёфта, рӯзи 18 август ҷамъбаст гардад.
Парвина Самандарзода,
радиои “Тоҷикистон”