12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ортопедия ва технологияи муосир”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бояд таъкид намуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ортопедия ва технологияи муосир” аввалин маркази махсусгардонидашудаи осебшиносӣ ва раддодӣ дар ҷумҳуриамон буда, бо таҷҳизоти замонавии ташхису табобат муҷаҳҳаз мебошад.
Бинои Марказ аз 3 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум қабулгоҳ, ташхисгоҳ, дармонгоҳ, шуъбаи рентгени рақамӣ ва стомотологӣ, 14 ҳуҷраи кории кормандон ҷойгир аст.
Ошёнаи дуюм аз 16 ҳуҷра: эҳё, доругузаронӣ, офият, ҳуҷраҳои хонаи духтурон, оростакорон, осебшиноси раддоди калонсолон, ҳамчунин 8 ҳуҷра барои бистарӣ намудани беморон иборат аст.
Ҳар як ҳуҷраи бистарии беморон барои ду нафар буда, бо кати функтсионалӣ, телевизор, яхдон ва бо шароити зарурии гигиенӣ таъмин мебошанд.
Дар ошёнаи сеюм ду амалиётхона, ҳуҷраҳои тамизгардонӣ, малҳамбандӣ, ҳуҷраи духтурон, шуъбаи осебшиносӣ, раддоди бачагона, 7 ҳуҷра барои бистарии беморон сохта шуда, дар онҳо ҳама шароити зарурии буду боши табобатгирандагон муҳайё карда шудааст. Бемороне, ки дар ин Марказ табобат мегиранд, чор маҳал бо хӯрок таъмин карда мешаванд.Зимни шиносоӣ бо фаъолияти Марказ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти тиббӣ аз Кореяи Ҷанубӣ, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи як миллиону яксаду панҷоҳ ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд.Дар марказ дастгоҳҳои артоскопӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти электронӣ–оптикӣ, ултрасадо, денситометрия, кардиомонитор, тамизгардонӣ, мизи ҷарроҳӣ, кати функсионалии “Армед” истифода мегардад.Боз як самти фаъолияти Марказ таълимӣ буда, дар он хатмкардагони донишгоҳҳои тиббӣ метавонанд такмили ихтисос намуда, давраи интернатура ва ординатураи клиникавии худро гузаронанд.Қобили зикр аст, ки бо шарофати ба истифода дода шудани ин Марказ 30 нафар мутахассисони соҳаи тиб ва дигар шаҳрвандони касбу корашон гуногун бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.