Мутобиқи маълумотҳои оморӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҶТ 12482 ҷиноятҳои умумӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 384 ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар мебошад. – гуфт директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти хабарӣ.
Гуфта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 62 ҷиноят кам ба қайд гирифта шудааст.
Тавре хабарнигори радиои “Тоҷикистон” Парвина Самандарзода иттилоъ медиҳад, 161 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва 166 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо дар ҳаҷми 125 ҳазору 748 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ҷарима ситонида шуд. Ҳамзамон зикр ёфт, ки аз ҷониби Агентӣ дар давоми 6 моҳ 82 ҷинояти вобаста ба маводи мухаддир ошкор ва дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 578 кг 145 гр маводи нашъаовар мусодира гардидааст.