Натиҷаи рақобатҳои ҷудокорони тоҷик дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё

Дирӯз дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нур-Султон Чемпионати Осиё оид ба ҷудо (Asian Senior Championships 2022) оғоз гардид. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи қоравӣ 9-варзишгар намояндагӣ доранд.

Рақобатҳо аз рӯи 14-вазн (7-вазн миёни мардон ва 7-вазн миёни бонувон) баргузор мегарданд.

Дар рӯзи аввали рақобатҳо Asian Senior Championships 2022 кишвари моро мебоист дар ду вазн – Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг) ва Шаҳбоз Саидабуроров(-66кг) намояндагӣ кунанд. Лекин Муҳаммад Муҳаммадизода дар вазти то 60кг бинобар зиёд будани вазнаш, ҳунарнамоӣ карда натавонист.

Шаҳбоз Саидабуроров бошад зери вазни -66кг рақобатро муқобили ҷудокори ҳиндӣ Нитин Чауҳан оғоз карда, тавонист бо имтиёзи иппон дар сонияҳои охир ғалабаро соҳиб шуд.

Дар рақобатҳои даври 1/4 ниҳоӣ Шаҳбоз аз ҷудокори ҷопонӣ Риёма Танака шикаст хӯрд ва ба даври тасаллобахш роҳ ёфт.

Шаҳбоз дар рақобати даври тасаллобахш аз ҷудоварзи муғул -Эрхембайар Баттогтох дучори шикаст гардид ва имкони ба даст овардани нишони биринҷиро аз даст дод.