Ба 4849 номи объектҳои ҷуғрофӣ тавзеҳнома пешниҳод шудааст

Дар нишасти хабарии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ қайд гардид, ки ба 21 номи маҳалли аҳолинишин ва объектҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хулоса пешниҳод шуда, ба 4849 номи объектҳои ҷуғрофӣ тавзеҳнома навишта ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод гардидааст,- иттилоъ медиҳад ҳамкорамон Парвина Самандарзода.

Ҳамзамон раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ Олимҷон Муҳаммадҷонзода зикр кард, ки дар соли равон аз ҷониби коршиносони шӯъбаи танзими истилоҳоти Кумита 17073 истилоҳ баррасӣ ва муҳокима шудааст.

Инчунин таъкид гардид, ки аҳолӣ бештар номҳои фарзандонашонро мехоҳанд ба шакли номҳои хориҷӣ гузоранд, ки нигаронкунанда мебошад ва роҷеъ ба ин ба Кумита 703 муроҷиати шаҳрвандон ворид гашта, ба 470 муроҷиаткунанда ҷавоби рад дода шудааст.