Дастаи ҷавонони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе зери роҳбарии мураббиён Рустам Қурбонов ва Далер Қаёсов ғолиби мусобиқаи Ҷоми “Ҷавонӣ” миёни дастаҳои ҷавонони лигаи олии Тоҷикистон гардид.
Дар бозии финалии мусобиқаи Ҷоми “Ҷавонӣ”-2022 ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) бо “Истиқлол” (Душанбе) рақобат намуданд. Дар ин дидор ҷавонони дастаи “Истиқлол” тавонистанд бо ҳисоби 2:3 пирӯзӣ ба даст оварда, ғолиби мусобиқа гарданд.
Ҷоми “Ҷавонӣ” бо ташаббуси Лигаи футболи Тоҷикистон, бо мақсади зоҳир кардани таваҷҷуҳи бештар ба ҳайатҳои ҷавонон ва баланд бардоштани маҳорати касбии бозингарон ташкил карда шудааст.
Дар мусобиқаи Ҷоми “Ҷавонӣ” ки дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд, 10-дастаи ҷавонони чемпионати Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Барои ба даст овардани зинаи сеюми ифтихорӣ, ҷавонони дастаи “КМВА”-и Душанбе бар дастаи эҳтиётии “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби минималии 1:0 пирӯз гардид.
Нимҳимоятгари бошгоҳи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе Паҳлавон Баҳризода беҳтарин бозигари финали мусобиқот дониста шуд. Ғолиби мусобиқа дастаи “Истиқлол” бо маблағи 30-ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд. Ба ноиб қаҳрамони мусобиқа – бошгоҳи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода 20-ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ дастаи “КМВА”-и пойтахт 10-ҳазор сомонӣ тақдим гардид.