Хабарнигори радиои “Тоҷикистон” Парвина Самандарзода аз рафти нишасти матбуотии МД ТВ “Сафина” иттилоъ медиҳад, ки дар нимсолаи аввали соли равон 57 барнома мунтазам дар жанрҳои гуногун таҳия ва пешниҳоди бинанда гардида истодааст.
Тибқи назарсанҷие, ки Вазорати фарҳанги кишвар дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази тадқиқотӣ – сотсиологии ” Зеркало” гузаронид, ки ТВ “Сафина” дар радабандии шабакаҳои телевизионӣ пешсаф дониста шуд.
Инчунин қайд гардид, ки барои қонеъ намудани табъи бинанда якчанд барномаву лоиҳаҳои наве ҳастанд, ки дар ҳоли омӯзиш қарор дошта, ба наздикӣ пешниҳоди тамошобинон мегардад.