Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) зери роҳбарии роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар шаҳри Душанбе ҷамъомади таълимиву тамриниро оғоз намуд. Ҳадаф аз баргузории ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, омодагӣ ба чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ба ҳисоб меравад.
Сармураббии дастаи ҷавонони кишвар — Аҳлиддин Турдиев ба ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, 24-бозигар 3-дарвозабон, 7-ҳимоятгар, 11-нимҳимоятгар ва 3-ҳамлагарро даъват кардааст. Аз сабаби оне, ки чемпионати CAFA-2022 дар рӯзҳои ФИФА баргузор намегардад, легионерҳо наметавонанд дар ҳайати тими ҷавонон бозӣ кунанд. Дар мувофиқа бо бошгоҳҳо бозигарони дар хориҷи кишвар буда, ба ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои бозиҳои расмӣ – марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 даъват карда мешаванд. Ҷоми Осиё-2023 аз 14-ум то 18-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар мусобиқаи CAFA-2022 тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо ҳамсолони худ аз Афғонистон (6-август), Қирғизистон (8-август), Ӯзбекистон (10-август) ва Эрон (12-август) рақобат менамояд.