Ба иттилои Вазорати маориф ва илм дар ҷумҳурӣ фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ 15.6%-ро ташкил медиҳад.
Дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм зикр гардид, ки дар 6 моҳи соли 2022 дар ҷумҳурӣ 10 муассисаи томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе 3 адад, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Хуҷанд, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Файзобод 1 ададӣ сохта ба истифода дода шуд.
Дар маҷмуъ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 696 муассисаи томактабӣ мавҷуд буд, дар онҳо 152 435 нафар кӯдак ба таълиму тарбия мегиранд. Инчунин, 7751 нафар корманди педагогӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ машғуланд. Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ 1810 маркази инкишофи кӯдак фаъолият мекунанд.