ВКД: 2 пиёдагард дар ҳодисаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат расид

7-уми июли соли 2022, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа», Қодиров Наримонхон Расулович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ноҳияи Б.Ғафуров бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ноболиғ Абдуллоев Абдуллоҷон Асадуллоевич, соли таваллудаш 2008, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа, ноболиғ Абдуллоев А. аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, 17-уми июли соли 2022, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Карола», Хизиров Ҷамшед Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А.Қаҳҳорови пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шукрихудоев Дарвеш Шоғарибович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Шуғнонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.