Тавре имрӯз вазири маориф ва илми ҶТ Раҳим Саидзода дар нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод, дар давраи ҳисоботӣ 24 олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ, аз ҷумла 13 намуди олимпиада аз фанҳои табиӣ- риёзӣ ва 11 намуди олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ- гуманитарӣ гузаронида шуд. Дар ин бора ҳамкорамон Баҳруллои Маҳмадшариф аз ҷараёни нишаст хабар дод.
Ҳамчунин манбаъ иттилоъ дод, ки вазири маориф ва илми кишвар зикр намуд, ки иштироки хонандагон дар ҳаракати олимпӣ нисбат ба соли 2021 2167 нафар зиёд буда, 42,2 фоизи иштирокчиён ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
“Дар ин давра 84 19 нафар хонандаи тоҷик имконияти дар 11 олимпиадаи байналмилалӣ мустақиман ва тариқи фосилавӣ аз фанҳои математика, физика, химия, табиатшиносӣ ва забони англисӣ дар давлатҳои Амрико, Венгрия, Италия, Словения, Қазоқистон ва Узбакистон иштирок намуданд. Дар ин олимпиадаҳо хонанадагони тоҷик дар миёни хонанадагони давлатҳои пешрафтаи дунё сазовори 1058 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 140 медали тилло, 368 медали нуқра ва 550 медали биринҷӣ гардиданд“,- таъкид намуд вазир.