Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 30 июни соли 2022 дар маҷмуъ 62 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 18 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд фаъолият менамоянд, – зикр гардид дар нишасти матбуотии Бонки Миллии Тоҷикистон.
Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-июни соли 2022 4,1 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хўрокворӣ 7 фоиз, молҳои ғайрихўрокворӣ 2,3 фоиз ба амал омад. Таварруми солона (дар 12 моҳи охир) ба 8,3 фоиз баробар гардид.
Ба суоли хабарнигори Радиои Тоҷикистон Шоистаи Аҳмад оид ба ҳаҷми қарзҳои додашуда, муовини Раиси БМТ Фирдавс Толибзода посух дода, таъкид дошт, ки дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми қарзҳои додашуда 6,5 млрд. сомониро ташкил додааст. Агар аз рўи соҳаҳо нигарем, ба соҳаи истеъмолот 35,6 фоиз, кишоварзӣ 18,9 фоиз, савдои хориҷӣ 15,7 фоиз, саноат 11,2 фоиз, хизматрасонӣ 10,5 фоиз, сохтмон 2,5 фоиз ва дигар соҳаҳо 4,8 фоиз қарз дода шудааст. Ба соҳибкории истеҳсолӣ аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 37,9 фоиз рост омада, маблағи 2,5 млрд.сомониро ташкил дод. Дар идома Фирдавс Толибзода гуфт, ки сол ба сол барои дарёфти маблағҳои захиравӣ барои қарзҳои ипотекӣ тадбирҳо андешида мешаванд ва бақияи қарзҳои ипотекӣ дар низоми бонкӣ 250 млн.сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,9 фоиз зиёд мебошад. Меъёри миёнавазни фоизи қарзҳои ипотекӣ 20,3 фоизро ташкил додааст, ки 1,8 банди фоизӣ тамоюли пастшавӣ дорад.