Дар Ҷиззах бозии сеюми дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо пирӯзии футзалбозони Ӯзбекистон бо ҳисоби калони (5:1) анҷом ёфт. Аз ҳайати тими мо голи ягонаро Идрис Ёров ба самар расонид.
Дар ду бозии қаблии дӯстона дар Ҷиззах дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистону Тоҷикистон мусовӣ, бозии аввал бо ҳисоби – 4:4 ва бозии дуюм бо ҳисоби 2:2 ба поён расид.
Барои дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозиҳои қаблии дӯстона ба марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27-сентябр то 8-октябр дар Қувайт баргузор мешавад, таҷрибаи кофӣ хоҳад буд. Дар чемпионати Осиё дастаи кишвар дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Баҳрайн (27-сентябр), Ӯзбекистон (29-сентябр) ва Туркманистон (1-октябр) бозӣ мекунад.