СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ  МЕАФЗОЯД! Шарҳи Шералӣ Кабир  

Дар нимсолаи аввали соли 2022 ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 18,1 млрд. сомонӣ расид, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳаминдавраи соли сипаригардида 117,3 фоизро ташкил дода, 2,8 млрд. сомнӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда 57, 2 фоиз ба саноати коркард, 18,4 фоиз ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво ва 24 фоиз ба саноати истихроҷ ва 0,5 фоиз ба соҳат таъминоти об, тозакунӣ  ва коркарди партовҳо рост меояд.

«Дар нимсолаи аввал дар кишвар 184 корхонаи нав бо 3797  ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шуд ва саҳми саноати масолеҳи сохтмонӣ дар маҷмўи маҳсулоти саноатӣ 9,5 фоизро ташкил дода, суръати афзоиш 122, 9 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра истеҳсоли семент 2 млн.тоннаро ташкил дод ва ба хориҷи кишвар 676,9 ҳазор тонна семент ба маблағи 224,8 млн. сомонӣ содирот шуд. Ҳамчунин маҳсулоти сохтмонии қуми квартсӣ, оҳак ва амстронг низ ба хориҷи мамлакат ба фурўш бароварда шуд, ки ин аз бештар гардидани иқтидори содиротии мамлакат дарак медиҳад»,- зикр намуд вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотӣ.

Дар нимсолаи якуми соли равон ба хориҷи кишвар дар қатори масолеҳи сохтмонӣ ба маблағи 16, 6 млн. доллари амрикоӣ маҳсулоти хўрокворӣ ба монанди меваи хушк, нўшокиҳои ташнашикан, намак, консерваи меваю сабзавот, маҳсулоти қаннодӣ содирот карда шудааст.

Содироти маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноати сабук ба хориҷи кишвар бошад, 175,5 млн.доллари амрикоиро ташкил дод ва ин маҳсулот аз нахи пахта, ресмон, матои пахтагин, ҷуробҳо, маҳсулоти дузандагӣ, пўсти хом ва коркардашуда иборат мебошад.

             Шоистаи Аҳмад

              радиои “Тоҷикистон”