1 млрд. 988 млн сомонӣ: Маблағи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Бобоҷон Ғафуров

Дар давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 1 млрд. 988 миллиону 831,9 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ 138,8 фоизро ташкил додааст.

Дар ин бора, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар соли 2022 таъсиси 15 корхонаи хурду миёна пешбинӣ шуда, дар ин давра дар ноҳия 12 корхонаи саноатии нав ва хатҳои иловагии хурду миёнаи истеҳсолӣ таъсис дода шуд, дар натиҷа 163 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин гардиданд.

Доир ба вазъи соҳаи кишоварзӣ, истифодабарии замин ва ҳолати мелиоративии заминҳо иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 915 млн. 847,3 ҳазор сомонӣ баробар гардид.

Бо мақсади оқилона ва самаранок истифода бурдани замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли равон, тибқи дурнамо, дар хоҷагиҳои кишоварзӣ гузаронидани кишти зироатҳо дар майдони 27027 гектар, ки аз он 22949 гектар дар заминҳои обӣ мебошад, гузаронида шуд.

Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба масъалаҳои саноатикунонии босуръати мамлакат, ҳалли муроҷиати шаҳрвандон, сохтмони беморхона дар Ҷамоати деҳоти Ғозиён, аз фаъолият бозмондани бархе аз корхонаҳои саноатӣ, таъсиси корхонаи коркарди пӯст, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, таъмини барқ ва оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои навбунёд, таъсиси корхонаҳои консервабарорӣ, мумфаршкунии роҳ, тоза нигоҳ доштани зиёратгоҳи Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, вазъи минтақаҳои сарҳадӣ, ҳамкориҳои муштарак бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, обёрии заминҳо аз манбаъҳои дохилӣ, вазъи ҷиноятсодиркунӣ суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.