Ҷудочиёни тоҷик ба Asian Junior Championships 2022 сафарбар гардиданд

Рӯзҳои 20-21 июл дар шаҳри Бангкоки Тайланд мусобиқаи Asian Junior Championships 2022 баргузор мегардад.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар ин бора хабар медиҳад, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Суруш Эркаев (-60кг), Сунатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду -81кг) намояндагӣ мекунанд.

Чемпионати Осиё байни ҷавонон (U-21)
Макон: Тайланд, Бангкок.
Рӯзҳои 20-21 июл 2022
Ҳайати тими Тоҷикистон:
?-60кг | Суруш Эркаев
?-81кг | Сунатулло Лоиқов
?-81кг | Муҳаммадҷон Абдуҷалилов

Барномаи баргузории мусобиқа.
Рӯзи 1-ум | 20-уми июл (Чоршанбе)
Оғоз: Соати 08:00
Марҳилаи ниҳоӣ: Соати 14:00
Бонувон: -48кг, -52кг, -57кг, -63кг
Мардон: -60кг, -66кг, -73кг.

Рӯзи 2-юм | 21-уми июл (Панҷшанбе)
Оғоз: Соати 08:00
Марҳилаи ниҳоӣ: Соати 14:00
Бонувон: 70кг, -78кг, +78кг
Мардон: -81кг, -90кг, -100кг, +100кг.